РАУНДИ ЯКУМ БАРОИ «ТОҶ-ӮЗГАЗ» БЕБАРОР ШУД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҷараёни якуми гуфтушуниди «Тоҷикгаз» бо «Ӯзтрансгаз» натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашуд,- иттилоъ доданд аз «Тоҷикгаз»ба мухбири АМИТ «Ховар». Қиммати гази аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқолшаванда баро соли 2009 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз номаълума аст. Дар назар аст, ки қиммати гази табии аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дигар ҷумҳуриҳо додашаванда боз зиёд карда мешавад. Ба гуфтаи раиси ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, «Тоҷикгаз» барои соли 2009 дар ҳаҷми 550 миллион метрии мукааб газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карданист. Боис ба ёдоварист, ки дар соли 2008 ба ҷойи 1 миллиард метрии мукааб гази дар асоси қарордодҳо ба имзо расида, ҳамагӣ 650 млн. метрии мукааб газ то охири сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






