«РЕГАР – ТАДАЗ» ҚАҲРАМОНИ ҲАФТКАРАТАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 15, 2008 16:54

          Душанбе,  15  декабр.  (АМИТ «Ховар»,  Пайрав   Назаров). – Дастаи  футболбозони  «Регар – Тадаз»  дар  даври  38 – уми  мусобиқоти  қаҳрамонӣ қувваозмоиро бо  дастаи  «Динамо»  бо  ҳисоби  1:1  якранг  анҷом  дода,  дар  ҷадвали  мусобиқа  ҷои  аввалро ишғол  намуд  ва  дафъаи  ҳафтум қаҳрамони  футболи  Тоҷикистон  гардид. Дастаи  мазкур  қабл  аз ин солҳои 2001, 2002, 2003,  2004, 2006 ва  2007 қаҳрамони  футболи  ҷумҳурӣ  шуда буд.  Футболбозони  даста  имрӯз  бо  дастаи «Вахш» қувваозмоӣ  мекунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дастаҳои  «Хуҷанд» ва «Парвоз»  барои  ба  даст  овардани  ҷойҳои  дуюму  сеюм мубориза  мебаранд.          

Декабрь 15, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст