РОНАНДА МЕХОСТ МАВОДИ ТАРФГАРИРО БА МУОМИЛОТИ ОЗОД БАРОРАД
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони гумруки вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд ронандаи мошини сабукрави тамғаи «Опел-Астра» (рақами давлатияш ЕВ 00 69 02 РТ) — сокини ноҳияи Б. Ғафуров Давронҷон Набиҷоновро, ки ба сӯи шаҳри Хуҷанд раҳсипор буд, боздошт намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми аз назар гузаронидан аз дохили нақлиёти мазкур 1066 адад мушаки гуногуннамуди истеҳсоли якҷояи Чину Қирғизистон дарёфт гардид. Онҳоро худи ронанда бо роҳи пинҳонӣ, ғайриқонунӣ аз деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд ворид намуда, мехост ба муомилоти озод барорад. Мувофиқи хулосаи ташхисӣ, маводи аз Давронҷон Набиҷонов дарёфкардашуда ба маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






