СӮХТОР ДАР САФОРАТХОНАИ ИМА
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Наргис Бойахмедова).- Дирӯз дар бинои сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор, ба қавли шоҳидон, аз ошёнаи якуми бино сар шуд. Аз Раёсати сӯхторхомӯшкунии вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки баробари расидани хабари сӯхтор ба маҳалли воқеа якчанд мошини сӯхторхомӯшкунӣ фиристода шуд. Ба қавли мутахассисони вазорат, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи симҳои барқ дар ошхонаи сафорат мебошад. Корманди сафоратхонаи ИМА Нигина Алиева зикр намуд, ки сӯхтор дар ошхонаи биное сар задааст, ки дар он посбонони сафоратхона зиндагӣ мекунанд. Қайд карда шуд, ки ба туфайли тадбирҳои фаврии сӯхторхомӯшкунандагон, бар асари сӯхтор касе осеб надид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






