С.ХАЙРУЛЛОЕВ: «БОЯД УРФУ ОДАТИ МИЛЛӢ БА ИНОБАТ ГИРИФТА ШАВАД»

Декабрь 23, 2008 15:51

         Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 23-юми декабр аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул нашуд. Зимни баррасии ин масъала муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов гуфт, ки мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни  зикргардида такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, танзми муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалӣ аст. Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун, зану шавҳаре, ки никоҳи расмӣ доранду бо сабабҳои биологӣ аз онҳо кӯдак таваллуд намешавад, метавонанд бо истифода аз усулҳои сунъии бордоркунӣ, ё имплантатсияи ҷанин, соҳиби кӯдак шаванд. Ба андешаи А. Имомов, барои бо ин роҳ таваллуд ёфтани кӯдак зану шавҳар розигии хаттӣ медиҳанд ва дар ҳолати бо ин усул таваллуд шудани кӯдак шахсони розигидода дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун волидайни кӯдак сабт меёбанд. Вакили мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ зимни баррасии ин масъала гуфт: «Дар як кишваре, ки 98 % аҳолияш мусулмон аст, ин масъаларо дар сатҳи қонун бардоштан чӣ зарурат дорад?». Ба андешаи Кабирӣ, марди бефарзанд метавонад фарзанди бародар ё хешашро ба фарзандӣ қабул намояд ва ӯро тарбия кунад.  Ман фикр мекунам,- афзуд М. Кабирӣ,- чунин сурат гирифтани масъала на танҳо ба фарҳанги динӣ, балки ба фарҳанг ва арзишҳои миллии мо — тоҷикон мухолиф аст. Ба андешаи раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев низ ҳангоми қабули чунин масъалаҳо бояд урфу одати миллӣ ва фарҳанги мардум ба инобат гирифта шавад.

Декабрь 23, 2008 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид