С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «СОЛИ 2008 СОЛИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ БУД»

Декабрь 30, 2008 11:08

          Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли 2008 бо рӯйдодҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва таърихию фарҳангии худ дар ҳаёти мардуми тоҷик ҳамчун соли фаромӯшнашаванда нақши амиқ гузошта, соли вусъат ёфтани раванди созандагию бунёдкорӣ гардид,- гуфт зимни суханронияш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев дар Иҷлосияи 5-уми палатаи поёнии парлумони мамлакат, даъвати сеюм.         Ба андешаи С. Хайруллоев, ботантана ҷашн гирифтани 1150-солагии сипаҳсолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии тоҷикон дар соли 2008 ба шумор меравад. Баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию иқтисодии аҳамияти байналмилалидошта дар Душанбе ба баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, дар соли 2008 робитаҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон густариш ёфт, ки он аз сиёсати «дарҳои кушода»-и ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.        Дар соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои калони иқтисодию тиҷоратӣ низ ноил гардид. Ҷараёни тоза гирифтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср —  роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ далели ин гуфтаҳост.       Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм низ ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои гуногунсоҳаи ҷомеаи кишварамон бо қабул намудани як силсила қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ саҳми босазо гузошт. Дар давоми соли 2008 палатаи поёнии парлумони мамлакат 183 қонуни конститутсионӣ, кодексҳо, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар кишварамон нақши муассир мегузоранд.            

Декабрь 30, 2008 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад