САҲМИ ҶАВОНОН ДАР БЕҲТАР СОХТАНИ ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Чанд рӯз пеш дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Саҳми созмонҳои ҷавонон дар беҳтар сохтани саломатии ҷомеа» машварат баргузор гардид. Машварат дар доираи Барномаи беҳтар сохтани саломатии ҷавонон гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкории созмонҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаи тандурустӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳокима шуданд. 30 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили СПИД дар мавзӯи «Муборизаи ҷавонон ба муқобили бемориҳои ВИЧ ва СПИД» маъракаи доманадор анҷом ёфт. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар доираи ин маърака дар мактабҳои миёна ва олии пойтахт силсилаи мулоқоту викторинаҳо баргузор сохта, асарҳои саҳнавӣ намоиш дода ва маълумотномаю варақаҳо паҳн карда шуданд. Маърака ҳамроҳи кормандони намояндагии созмони байналхалқии Каре- интернейшнал гузаронида шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






