САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ЯМАН РАФТ

Декабрь 1, 2008 16:07

        1декабри соли 2008  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Яман рафт. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин кишвари бостонӣ аст. Шоми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 150 нафар намояндагони тоҷикон ва ҳамватанони муқими Яман вохӯрии самимии судманд анҷом дод. Чунонки аён гашт, дар Ҷумҳурии Яман айни ҳол беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд. Беш аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд, ки дар ин кишвар обурӯю эътибори баланд касб намудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нуфузу эҳтироми  Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва табибони тоҷик, ки ворисони воқеии Абӯалӣ ибни Сино будани худро дар Яман собит намудаанд, изҳори сарфарозӣ кард ва таъкид дошт, ки онҳо бо кору ҳунари волояшон бояд Тоҷикистон ва илму фарҳанги бостонии тоҷиконро ба таври шоиста дар ин кишвар муаррифӣ кунанд.Байни онҳо ҳамчунин як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас дод, аз ҷумла оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади ҳамватанон ба Тоҷикистон. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ба шахсони дахлдор дастур дод, ки оид ба кушодани намояндагӣ ва ё консулгарии Тоҷикистон дар Яман чораҳои зарурӣ андешанд, то манфиатҳои шаҳрвандони мо таҳти пуштибонии давлатамон қарор бигиранд .Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 1, 2008 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид