САВОБИ АМАЛИ ХАЙР
Кӯлоб, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Бино ба иттилои мудири бахши танзими анъана ва расму оинҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Қадам Зарифов, 120 адад китоби муқаддаси Қуръон вориди ин минтақа гардидааст, ки ройгон паҳн карда хоҳанд шуд. — Аллакай 38 адади китобҳо ба ҳафт масҷиди ҷомеъ ва масоҷиди панҷвақтаи минтақаи Кӯлоб тақдим карда шуд. Ҳамчунин, китобхонаҳои шаҳр ва муассисаҳои фарҳангу маънавиётро низ бо Каломи Шариф таъмин кардем. Ин китобҳо сирф моли умуманд ва дар масоҷиду китобхонаҳо ба доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки Қуръони муқаддас ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст ва аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳдо мегардад,- зикр намуд Қадам Зарифов. Уламои дин бошанд, мегӯянд, ки дастрасӣ доштани мардум ба Қуръони муқаддас дар ҳалли бузургтарин мушкилоти дунявии бандагон мусоидат карда, савоби ин амал ба шахсияти Президент хоҳад расид. — Тақсим кардани китобҳо ба масоҷиду идороти дигари Кӯлоб идома дорад ва интизор меравад, ки то охири моҳи декабр боз тедоди зиёди Қуръон дастрас намоем,- илова намуд Қадам Зарифов.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






