ШАҲОБ АБДУЛОВ ШАРАФИ АФСАРИРО РЕЗОНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси қарори суди ҳарбии гарнизони Хатлон афсари дидбонгоҳи 7-уми ноҳияи Фархор Шаҳоб Абдулов дар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор ва ба муддати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар асоси маслиҳати пешакӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи 7-уми ноҳияи Фархор Шаҳоб Абдулов бо сокини деҳаи Метентуқайи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маъруф Исмоилов барои ҳангоми аз сарҳади давлати Исломии Афғонистон гузаронидани маводи мухаддир мусоиддат намудан дастгир карда шуд. Дар натҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию фаврӣ, кормандони амнияти миллии минтақаи Хатлон дар ҷойи ҷинояткорони сарҳадшикан 1 килою190 грамм героин ва 19 кг бангдона дарёфт карданд. Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон аъмоли афсари қасамшикан Шаҳоб Абдулов ва прапоршик Каримҷон Санговро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо мувофиқи аъмоли содиркардаашон ҷазои сазовор дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






