ШАҲРВАНДИ МАСТИ ЧИНИРО ЛАТУКӮБ КАРДА, 730 ДОЛЛАРАШРО ГИРИФТАНД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, истиқоматкунандаи шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Чин Хан Фзюни 41-сола бо ариза ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент шикоят кард, ки 27-уми ноябри соли ҷорӣ соати 18-у 30 дақиқа дар шаҳраки мазкур шахсони номаълум ӯро дар ҳолати мастӣ, бе ягон асос латукӯб намуда, аз ӯ 730 доллари ИМА, 1000 сомонӣ ва 100 юани чиниро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои дастгир намудани ғоратгарон чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ андешида шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






