ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК АКНУН БА ВОСИТАИ АЛМААТО БА ШВЕЙТСАРИЯ МЕРАВАНД
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вобаста ба ворид гардидани Швейтсария ба минтақаи Шенген ҳамаи аризаҳо барои гирифтани раводиди сафар ба мамлакатҳои минтақаи мазкур бояд аз 15 декабр сар карда, барои таҳлилу баррасӣ ба Консулхонаи генералии Швейтсария дар Алмаато фиристода шаванд. Консулхонаи Швейтсария дар Душанбе таҳлилу баррасии аризаҳоро барои гирифтани раводиди сафар ба ин мамлакат қатъ менамояд. Дар ин бора аз намояндагии ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тавре хабар дода шуда буд, қарордоди ҳамкории Швейтсария бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ворид гардидани ин мамлакат ба минтақаи Шенген 1 марти соли 2008 эътибори қонунӣ пайдо намуд. Вале ин ҳуҷҷат амалан 12 декабри соли равон ҳукми қонунӣ гирифт. Швейтсария вобаста ба ин аз 12 декабр сар карда, ҳамаи қоидаҳои додани раводидро мувофиқи қонуну қоидаҳои минтақаи Шенген истифода хоҳад кард. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки барои сафар ба минтақаи Шенген раводид доранд, аз 12 декабр сар карда, ба рафту омад ба қаламрави Швейтсария ҳуқуқ пайдо мекунанд. Раводиди Шенген ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар қаламрави ҳамаи мамлакатҳои ба он дохилбуда, аз ҷумла, Швейтсария бемамониат рафту омад кунанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






