ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ ҶОИЗА ГАРДИД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» ба ҷоизаи байналхалқии «Корхонаи беҳтарини Аврупо» сазовор дониста шуд. Ҷоизаи мазкур ба корхона барои рушди муттасил дар соҳаи саноат дода шуд. Дар бораи мукофотонидани корхона кумитаи ҷоизаҳои Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо қарор қабул кард. Ширкати алюминии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷоизаи байналхалқии «Сифати аврупоӣ» мукофотонида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ин ҷоиза ба корхонаҳое дода мешавад, ки маҳсулоташон ба меъёрҳои олии байналхалқии сифат мувофиқ буда, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор доранд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






