ШУМОРАИ ГУРУСНАГОН МЕАФЗОЯД
Вашингтон, 10 декабр. (АМИТ «Ховар» — Радиостанция Эхо Москвы).- Муассисаи кишоварзӣ ва озуқаи СММ хабар дод, ки соли равон дар миқёси ҷаҳон шумораи гуруснагон 40 миллион нафар афзуда, умуман 963 миллион нафарро ташкил дод. Дар бисёр мамлакатҳо тарзи ҳаёти солиму фаъолона ва истеъмоли хӯроки серғизо барои миллионҳо нафар одамон орзуи амалинашаванда мебошад, гуфта мешавад дар ҳисоботи СММ. Муовини директори генералии Муассисаи кишоварзӣ ва озуқаи СММ Ҳофиз Ғаним зикр кард, ки сабабҳои асосии гуруснагӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф камбуди замини кишт, дастраси ҳамагон нагардидани қарзи бонкҳо ва набудани ҷои кор, инчунин нархи гарони озуқаворӣ мебошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






