СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН БА ВИЛОЯТИ ЯРОСЛАВЛ САФАР МЕКУНАНД
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини аввали раиси Палатаи тиҷоратию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов дирӯз бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ярпроммашимпекс» — и Русия С. Зеленков ва мушовири намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон А. Седаков мулоқот кард. Зимни мулоқот зикр шуд, ки моҳи январи соли 2009 гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон барои боздиди корӣ ба вилояти Ярославл хоҳад рафт. Тоҷирону соҳибкорони ин вилоят моҳи март ба вилояти Хатлон ташрифи ҷавобӣ меоранд. Дар ҷараёни ҳар дуи ин сафарҳо гузаронидани мулоқоту сӯҳбатҳо дар вилояти Ярославл, мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар дар Тоҷикистон ва намоишгоҳи молҳои сохти корхонаҳои вилояти Ярославл пешбинӣ карда мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






