СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ЗИЁД МЕГАРДАД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Кумитаи давлатии омор, дар моҳи январ-ноябри соли 2008 дар масоҳати умумии 414233 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57400 метри мураббаъ зиёд аст. Масоҳати умумии биноҳои истиқоматии ба истифода додашуда дар вилояти Суғд 178336 метри мураббаъ, вилояти Хатлон -132482, шаҳри Душанбе -52426, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50989 метри мураббаъро ташкил додаст. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онро аҳолӣ месозад. Бунёди 374681 метри мураббаъ ё 90, 5 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашуда аз тарафи аҳолӣ сохта шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






