СОКИНИ СУҒД МЕХОСТ БА ҶУМҲУРӢ МУШАК ИНТИҚОЛ ДИҲАД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба манъи воридоти маҳсулоти пиротехникӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми чораҳо андешида истодаанд. Кормандони Раёсат дар нимаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ 7 ҳолати ғайриқонунии ворид намудани маҳсулоти пиротехникиро пешгирӣ намуданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 14-уми декабр ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии молҳои автомашинаи тамғаи МАН (рақами давлатиаш S 4513 L), ки ба минтақаи назоратии дидбонгоҳи гумрукии «Терминал» аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ворид гардида буд, аз дохили матоъҳо ба миқдори 35 ҳазору 600 дона маводи пиротехникӣ (хлопушка), 930 дона мушак (салют)-и ҳархела ва 332 дона фейрверкҳои гуногун дарёфт карда шуд. Молҳои мазкур ба истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷомии ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилбар Исмоиловаи 39-сола тааллуқ дорад. Д. Исмоилова мехост бидуни назорати гумрукӣ ва бе расмиятдарорӣ ин борро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикстон интиқол дода, ба фурӯш барорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






