СОКИНОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БӮРЁКӮБОН КАРДАНД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфтаи сармеъмори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Эраҷ Зоиров, дар як муддати начандон зиёд симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ тағйир ёфтааст. Аз ҷумла, барои солимгардонию тандрустии ҷавонон толорҳои варзишӣ, аз қабили толорҳои вазнабардорӣ, гӯштингирӣ, таэквандо, тенниси рӯи миз, меҳмонхона барои 50 нафар, бинои терминали мусофирбарии самти Ваҳдат-Душанбе сохта ба истифода дода шудааст, ки ҷавобгӯи талаботи замонанд. Терминали мусофирбарӣ дар як рӯз барои 400 нақлиёт хизмат мерасонад. Бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат ва дастгирии Фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду-се соли охир 13 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорону табибон бунёд гардид. Дар шаҳр биноҳои нави замонавӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар бинои 9-ошёна, ки ба қарибӣ ба истифода дода шуд, 54 оила бӯрёкӯбон карданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






