СОЛИ 2008 БАРОИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ СУҒД БЕБАРОР БУД

Декабрь 25, 2008 15:30

            Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев, соли 2008 барои хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар соҳаи парвариши пахтаю зироатҳои гуногун бебарор буд. Баҳори соли ҷорӣ дар ин вилоят дар масоҳати 5 ҳазор гектар тухмии кишти баҳорӣ бо сабаби хушксолӣ нарӯид. 7 ҳазор гектар замин бо сабаби норасоии об кишт карда нашуд. Дар вилоят 1,5 ҳазор гектар кишти сабзавот, 1,5 ҳазор гектар кишти шолӣ кам карда шуд, ки он на фақат ба иқтисодиёти вилоят, балки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ бетаъсир намонд. Ин буд, ки нархи биринҷ ва маҳсулоти ғаллагӣ дар бозор нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд шуд. Бо назардошти ҳамаи ин, хоҷагиҳо тасмим гирифтаанд, ки дар соли 2009 ҳосили соли 2008-ро ҳам барқарор намоянд. Ҳоло барои амалӣ шудани нақша, дар вилоят кишти тирамоҳӣ пурра анҷом дода шуда, шудгори заминҳо дар арафаи анҷомёбист.

Декабрь 25, 2008 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!