ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲОРО БА КОДЕКСИ АНДОЗ ШАРҲ МЕДИҲАНД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон маъракаи иттилоотии шарҳи тартиби дастрас намудани патент ва афзалиятҳои он барои фаъолияти соҳибкорӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз доир намудани ин чорабинӣ фаъолияти тариқи воситаҳои ахбори омма шарҳ додани самаранокии патент мебошад. Бо ин мақсад се навори видеоии телевизионӣ ва ду сабти радиоии шарҳу тафсир таҳия гардида, дар телевизион пеш ва пас аз барномаи иттилоотии «Ахбор» пахш мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки маъракаи мазкур аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти андози кишвар, ташкилотҳои DFID ва SECO ташкил ёфта, ба шарҳу тафсири тағйироти воридшуда ба Кодекси андоз дар бораи муттаҳид сохтани се навъи андоз нигаронида шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






