ТАҶРИБАИ ҲАМКОРИИ РУСИЯ ВА ТУРКИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Декабрь 16, 2008 10:41

         Маскав,  16  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). –  Дар  Маскав  дар  мавзӯи «Таҷрибаи  ҳамкории  Русия  ва  Туркия дар Осиёи  Марказӣ ва  Қафқоз» конфронси  байналхалқии  илмии  амалӣ  баргузор  гардид. Шарқшиноси  маъруфи  Русия,  директори  Пажӯҳишгоҳи  мамлакатҳои Осиё  ва  Африқои Донишгоҳи   давлатии Маскав  ба  номи  Ломоносов М.Мейер зимни  суханрониаш,  аз  ҷумла,  зикр  кард, ки  мавзӯи  ҳамкориҳои  Русия  ва  Туркия   дар  Осиёи  Марказӣ  проблемаи  хеле  муҳим  ба  шумор  меравад.  Аввали  солҳои  90 – ум  дар муносибатҳои  Туркия  бо  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  як  навъ  эҳтиёткорӣ  ва ташвишу  изтироб  мушоҳида  карда  мешуд. Вале   имрӯз  вазъият   дар  ин  масъала  ба  куллӣ  тағйир  ёфтааст,  гуфт  вай. Таъкид  шуд, ки  айни   ҳол  нақши  созмони «Муколамаи  мамлакатҳои  Аврупою  Осиё» ва  маҷаллаи  фарҳангии  байналхалқии  «ДА» барои  ба  ҳам  наздик  шудан ва  муттаҳид  сохтани  халқҳои  минтақа  нақши  муҳим  мебозанд.  Дар  конфронс  олимону  коршиносони  Русия  ва  Туркия,  инчунин  намояндагони  Қазоқистон,  Украина, Тоҷикистон, Тайван, Қирғизистон ва  Озарбойҷон  ширкат  варзиданд.  Дар он  сафири  Туркия  дар  Федератсияи  Русия  Халил  Оқинҷи  сухан  кард.

Декабрь 16, 2008 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд