ТАЛАБАГОНИ ТОҶИКУ АФҒОН ДАР МАКТАБҲОИ ВАҲДАТ ДАРС МЕОМӮЗАНД

Декабрь 4, 2008 12:12

      Душанбе, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Талабагони  тоҷику  афғон  3  декабр  дар  мактаби  рақами 141 – уми   шаҳри  Ваҳдат  дар   машғулиятҳое  иштирок  намуданд, ки  дар  онҳо  мавзӯъҳои  тарғибу  ташвиқи  ғояҳои  дӯстӣ  ва  сабру  таҳаммул  омӯхта  шуданд. Ин  машғулиятҳо  бо  ташаббуси  Раёсати  комиссари  олии  СММ дар  масъалаи  гурезаҳо,   созмони  гайриҳукуматии  «Фарзандони  гурезаҳо ва  шаҳрвандони  камбизоат»,  инчунин  Шӯъбаи  маорифи  шаҳр  гузаронида шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, ки айни  ҳол   дар  шаҳри  ваҳдат теъдоди  зиёди  гурезаҳои  афғон  зиндагӣ  мекунанд. Мувофиқи  қонун,  гурезаҳо  баробари  сокинони  таҳҷоӣ   дар  мактабҳо  ҳаққи  таҳсил  доранд. Ҳоло  дар  шаҳру  ноҳияи  Ваҳдат  қариб  200 нафар  фарзандони  гурезаҳои  афғон  дар  мактабҳои  маҳаллӣ  таҳсил  мекунанд. Дар  барномаи  тартибдодаи  Раёсати   комиссари  олии  СММ дар  масъалаи  гурезаҳо  аз  панҷ  мактаби  шаҳри  Ваҳдат  250  талабаи  тоҷику  афғон  ширкат  варзид. Талабагони  тоҷику  афғон  дар  ҷараёни  барнома   ба  забонҳои тоҷикию  русӣ  шеръҳо  хонда,  рақсҳои  миллии  худро   иҷро  намуда,   дар   намоиши   расму  суратҳо  ширкат  варзиданд.  Яке аз  намоишҳои  барнома ба  шиносоии   талабагон   бо  намунаҳои  адабиёту  фарҳанги  тоҷику  форс  бахшида  шуд. Ба  иштирокчиёни  барнома  аз  номи  Раёсати   гурезаҳои  СММ  асбобу  анҷоми  варзишӣ  тӯҳфа  карда шуд. Роҳбари  намояндагии  раёсати  гурезаҳои  СММ Иля  Тодорович зикр  намуд, ки    истилоҳи  «Ваҳдат» ягонагии   миллатҳои  гуногунро  ифода  мекунад. Умед  аст, ки  барномаи  мо  фарзандони  миллатҳои  гуногунро  ба  ҳамдигар  наздиктар  месозад ва  онҳо  ҳамдигарро  беҳтару  хубтар  мефаҳманд. Ба  истилоҳи  дигар,   мо  кӯшиш  кардем, ки  ваҳдати  тамоми   инсониятро  бори  дигар  исбот  кунем. Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  айни  ҳол  дар  Тоҷикистон  қариб  1600  гурезаи  афғон  зиндагӣ  мекунад  ва  шумораи онҳо  торафт  меафзояд.

Декабрь 4, 2008 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд