ТАРКИШ ДАР ИРОҚ

Декабрь 12, 2008 12:11

           Бағдод,  12  декабр. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). –  Тибқи  хабарҳои  аз  Ироқ  расида,  дирӯз  дар  яке  аз  музофотҳои   шаҳри  Киркук  як  нафар  террористи  фидоӣ  амалиёти террористӣ  анҷом  дод.  Вай  дар  яке аз  маҳалҳои  серодами  шаҳр  миқдори  зиёди  моддаи  таркандаро  тарконд. Дар  натиҷа  47  нафар  ҳалок ва  93  нафар  маҷрӯҳ  шуд. Шаҳри  Киркук  тақрибан   дар  масофаи  250  километраи  самти  шимолии  Бағдод  воқеъ  буда,  дар  маҳалҳои  атрофи  он  захираи  нафт  фаровон  аст.  Курдҳои  Ироқ   даъво  доранд, ки  минтақаи  мазкур  бояд   ба  мухторияти  курдҳо  тааллуқ  дошта  бошад,  вале  арабҳо ва  туркманҳои  маҳаллӣ  ин  даъворо  рад  менамоянд.  Бинобар ин  дар  байни онҳо  муттасил ихтилофот  рух  медиҳад.

Декабрь 12, 2008 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид