ТОҲИР АЗИЗХОНОВИ ДОҒДОР БОЗ БА ДАСТИ МИЛИСАҲО АФТОД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд миқдори зиёди маводи нашъадорро мусодира карданд.Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар дидбонгоҳи ноҳияи Варзоб барои тафтиш мошини ЗИЛ-130 (рақами давлатиаш А1532РТ04)-и сокини 40-солаи ВМБК Тоҳир Азизхоновро, ки пеш доғи судӣ дошт, боз доштанд. Ҳангоми азназаргузаронии мошин махфигоҳҳои махсус ёфт шуд, ки аз он ҷо 558 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид. Аз ҷумла, зиёда аз 530 килограмм гашиш ва 28 килограмм героин. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш оғоз шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






