ТОҶИКОНИ БЕНАСИБ ВА ОДАМГАРИИ АФҒОНҲОИ ҒАРИБ

Декабрь 15, 2008 14:20

             Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз бесалоҳиятии кормандони марбута оид ба ҳаҷ, ҳар сол ба чандин нафар зоирони Тоҷикистон ҳаҷи Акбар муяссар намешавад. Соли ҷорӣ ҳам баъди сарсонию саргардониҳои зиёди ҳуҷҷаттартибдиҳӣ, 30-юми ноябр гурӯҳи 200-нафараи зоирони Тоҷикистон аз майдони ҳавоии Душанбе ба Истамбул, аз он ҷо ба Сурия, Урдун ва Арабистони Саудӣ расида, аз сабаби камбудии раводид онҳоро ба Димишқ баргардониданд. Ба зоирини тоҷик муяссар шуд, ки ба шаҳри Ҷидда парвоз намоянд. 82 нафар зоирини тоҷик бо сабаби қалбакӣ будани раводидҳояшон пас гардонида шуданд. Дар деҳаи Овакенти шаҳри Хатаи Туркия зоирони тоҷикро афғонҳои гурезаи дар он ҷо истиқоматдошта 5 рӯз бо обу нон ва сарпаноҳ таъмин намуданд. Бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Туркия, зоирони аз ҳаҷ бенасиби тоҷик бо оби дида ба Ватан фиристода шуданд.   

Декабрь 15, 2008 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд