В.ЮЩЕНКО БА Э. РАҲМОН ОРДЕНИ КНЯЗ ЯРОСЛАВ МУДРИЙ ДАРАҶАИ ЯКУМРО МЕСУПОРАД

Декабрь 3, 2008 17:14

        Душанбе, 3  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, ки  субҳи  имрӯз  ба  Украина  рафта  буд,  дар  шаҳри  Лвов  бо раиси  маъмурияти   вилояти  мазкур  Н.Кмит  мулоқот  кард.  Сардори  давлати  Тоҷикистон  баъди  чошт  ба  Киев  парвоз  кард. Аз  Вазорати   корҳои  хориҷии ҷумҳурӣ  ба   АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Киев  бо  Президенти  Украина  Виктор  Ющенко  мулоқот  хоҳад  кард.         Сарони  ҳар  ду  давлат  баъди  анҷоми  мулоқоти  якка  ба  якка  ба  ҳамдигар   мукофотҳои  давлатии  мамлакатҳояшонро   месупоранд. Президенти  Украина   ба  Президенти  Тоҷикистон  ордени Ярослав  Мудрий дараҷаи  аввал ва Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Президенти  Украина  ордени  «Исмоили  Сомонӣ» — ро  ҳадя  мекунад. Баъдан   гуфтушуниди  ҳайатҳои  ҳар  ду  мамлакат  баргузор  мегардад. Дар  фарҷоми  он  силсилаи  ҳуҷҷатҳои  ҳамкорӣ  имзо  карда  мешаванд. Сипас сарони  ҳар  ду  давлат  дар  ҳузури  намояндагони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  изҳорот   хоҳанд  дод. Хабар  дода  мешавад, ки  Эмомалӣ  Раҳмон инчунин  бо  муовини  аввали   раиси  Радаи  олии Украина  Александр  Лавринович  мулоқот  карда,  тибқи  барномаи  сафар  ба  Донишгоҳи   миллии  Киев  ба  номи  К. Шевченко  рафта,   бо   ректори он  мулоқот мекунад. Президенти  Тоҷикистон  инчунин   бо  намояндагони  тоҷикони  сокини  Украина  мулоқот  анҷом  хоҳад  дод. Баъдан,  тибқи  нақшаи  сафар,  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  маросими   гузоштани  гулчанбар  ба Қабри Аскари  номаълум   иштирок  карда,  сипас  бо  ҳамроҳонаш  ба  шаҳри  Харков  меравад. Вай  дар  ин  ҷо  бо  иҷрокунандаи  муваққатии   раиси  вилояти  Харков  В. Бобоев  мулоқот  карда,   бо  фаъолияти  Ҷамъияти  саҳомии «Турбоатом» шинос  хоҳад  шуд.

Декабрь 3, 2008 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд