ВАҚТҲОИ ОХИР САГҲОИ ДЕВОНА ОДАМОНРО МЕГАЗАНД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Кумитаи давлатии омори ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шумораи расмии беморони сил дар ҷумҳурӣ ба 3486 нафар расидааст. Қисми зиёди онҳо дар вилояти Хатлон, махсусан дар ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта шудаанд. Бо ин мақсад кормандони тиб тасмим гирифтаанд, ки дар макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ корҳои санитарию профилактикӣ гузаронанд. Имрӯз намояндагони Маркази саломатии шаҳрии №8 бо 300 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бобати ин касалии сироятӣ машварат доир намуданд. Онҳо донишҷӯёнро бо аломатҳои аввалини касалии сил ва оқибатҳои он шинос карданд. Зикр гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи дигар касалиҳои занона низ афзудааст. Вақтҳои охир касалиҳои ҳорӣ, ки дар натиҷаи газидани ҳайвонҳои девона пайдо мешавад, ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯи маълумоти Кумитаи омор, дар соли ҷорӣ 73133 нафар гирифтори касалиҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 1,8 % зиёд мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






