ВАЪДАИ РОҲБАРИЯТ ИҶРО НАШУДА МОНД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷамъбасти 11-моҳа дар фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат дар баробари муваффақият камбудиҳоро низ ошкор сохт. Ноҳия дар соҳаи аз ҳама муҳими хоҷагӣ — пахтакорӣ муваффақ нагардид. Ваъдаи роҳбарияти ноҳия дар семинари умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, ҳангоми ҷамъоварии пахта, ангур ва полезӣ иҷро нашуда монд. Татбиқи амалии муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, беҳдошти сатҳи иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоии аҳли диёр имрӯзҳо асоси фаъолияти тамоми мардуми ноҳия аст. Дар ҳудуди шаҳр 7 зеркомиссия таъсис ёфт, ки тавассути он каналу ҷӯйҳо аз гилу лой ва партов тоза карда шуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






