ВАЗИРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН СОЛИ 2009 МУЛОҚОТ МЕКУНАНД

Декабрь 17, 2008 16:37

              Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эднон Қаробоев бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат Асомуддин Саидов мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи имрӯзаи муносибатҳои ҳар ду кишвар, натиҷаҳои соли 2008 ва нақшаи тадбирҳо барои соли оянда баррасӣ шуданд.               Зикр карда шуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Қирғизистон сол то сол меафзояд. Ин натиҷаи ҳамкории самарабахши корхонаю ширкатҳои ҳар ду мамлакат мебошад. Вақтҳои охир ҳамкории ҳар ду кишвар дар масъалаҳои сарҳад густариш меёбад, дар байни шаҳрҳои Норак ва Қарокӯл муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шуд.              Мусоҳибон паймон карданд, ки барои гузаронидани маҷлиси якуми Шӯрои ба қарибӣ таъсисёфтаи байнидавлатии ҳамоҳангсози Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат тадбирҳои самарабахш андешанд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 17, 2008 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид