ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2007-2008 Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳоро дар чорчӯбаи татбиқи нақшаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила амалӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «КАРЕ — интернейшинал» дар 5 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон барои наврасон ва ҷавонон шӯъбаҳои тиббию машваратӣ барои дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба солимии репродуктивию танзими оила ташкил намуд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар баробари ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилоти байналхалқӣ барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 корҳои муайяне ба сомон расонида шуд ва дар ин самт корҳо давом доранд. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 — 2010» ва «Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо иштироки мутахассисони системаи омор ва иттилооти тиббӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд бо дастгирии лоиҳаи «ЗдравПлюс» ва Маркази татбиқи лоиҳа «Оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ» дар мавзӯи «Пурзӯр намудани системаи иттилоотии идоракунии сохтори госпиталӣ» семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






