ВОЛОИЯТ ҚОНУН ТАҲКИМ МЕЁБАД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятиb Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии муроҷиату дархости интихобкунандагони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Раисони кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Абдураҳмон Азимов ва Акрамшо Фелалиев моҳияти масъалаҳои баррасишударо шарҳ дода гуфтанд, ки ин масъалаҳо ҷиҳати тақвияти волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар анҷом масъалаҳои баррасишуда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод карда шуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






