ЗАХИРАИ ЗИМИСТОНАИ ХӮРОКИ ЧОРВО КАМ ШУД

Декабрь 27, 2008 12:24

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, соли ҷорӣ барои зимистонгузаронии чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 211 ҳазору 792 тонна, ё баробар ба 76 фоизи нақшаи солона хӯроки чорво захира карда шудааст.  Иҷрои нақшаи захираи хӯроки чорво дар вилояти Суғд ба андозаи 69 фоиз, ноҳияи Роғун-54 фоиз, Шаҳринав-39, Турсунзода-36, Варзоб-33 фоизро ташкил медиҳад. Барои ҳар сар чорво ба ҳисоби миёна 8,1-сентнерӣ хӯрока захира карда шудааст. Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 1,3 сентнер, ноҳияи Турсунзода-6,2, Шаҳринав-5,1, Варзоб-3,2 ва Роғун 2,6-сентнерӣ хӯрока кам захира карда шудааст.

Декабрь 27, 2008 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид