ЗОИРИ ҒАФС БА ДУШАНБЕ ОМАДААСТ

Декабрь 26, 2008 17:36

         Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли 2009 аз таъсисёбии ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон 50 сол пур шуда, мактаби афғонистоншиносии Тоҷикистон дар миқёси собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мактабҳои фаъол ба шумор мерафт,-  гуфт зимни  мулоқоташ раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нуралӣ Саидов бо ҳайати намояндагони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва ҷавонони ин кишвар Зоири Ғафс ба Душанбе омадаанд.           Дар ҷараёни мулоқот Нуралӣ Саидов зикр кард, халқҳои тоҷику афғонро аз қадимулаём робитаҳои муштараки забонию таърихӣ ва фарҳангӣ  бо ҳам мепайвандад. Мавсуф роҷеъ ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор сухан ронда, афзуд, ки Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон яке аз бахшҳои фаъоли ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фаврҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ва  шумораи навбатии маҷаллаи «Дӯстӣ» -и ҷамъият пурра ба равобити ду кишвари ҳамзабон –Тоҷикистону Афғонистон бахшида мешавад. Инчунин,  ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли оянда дар Афғонистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд.           Дар навбати худ,  роҳбари ҳайати фарҳангии Афғонистон  Зоири Ғафс иброз дошт, ки мо ҷонибдори тавсеаи ҳамкории илму фарҳанги ду кишвари ҳамсоя ҳастем. Мо метавонем танҳо дар сурати рафту омадҳо ба кишварҳои ҳамдигар робитаҳои дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамкориро тақвият бахшем. Зеро густариши ҳар ҷомеаи мутамаддин дар заминаи ҳамкории судманд замина мегирад.          Дар сӯҳбат раиси ҷамъияти Тоҷикистону Афғонистон Нур Табаров, ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Мирзоватан Миров ва дигар аъзои ҷамъият доир ба таҳкими робитаҳои фарҳанги байни ду давлати ҳамҷавор ибрози назар карданд. 

Декабрь 26, 2008 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид