10705 ОБЪЕКТ ХУСУСӢ ГАРДОНИДА ШУД

Январь 29, 2009 14:21

                Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 дар ҷумҳурӣ 537 объекти ғайриманқул ва аз аввали хусусигардонӣ 10705 объект хусусӣ гардонида шуд.                Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар давоми соли сипаригашта хусусигардонии амволи давлатӣ дар соҳаҳои савдо ва хӯроки умумӣ 6,9 фоиз, саноат 9,3 фоиз ва кишоварзӣ 43,9 фоизро ташкил медиҳад.                Мавриди ёдоварист, ки аз оғози хусусигардонӣ то 1 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 254,7 ҳазор квартира хусусӣ гардонида шудааст. Аз ҷумла, 189,1 ҳазор квартира фурӯхта шуда, 3,6 ҳазор квартира бо қисман пардохтани пулаш ва 62 ҳазор квартираи дигар бепул хусусӣ гардонида шудааст.

Январь 29, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад