ҒАМХОРӢ БА БАЧАГОНИ МАЪЮБ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Кормандони Ассотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон ва Фонди қарзҳои хурди «Мадина» бо кӯмаки филиали Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Аврупо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои таътили зимистона ба шаҳри Хоруғ рафта, барои бачагони маъюб ва мӯҳтоҷ намоишҳои солинавӣ ташкил намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо пешкаш карданд. Сарпарастон ба хонаҳои бачагони бемору маъюб, ки дар тадбирҳои идона иштирок карда натавонистанд, рафта, ба онҳо тӯҳфаҳо супориданд. Дар ин бора мудири иҷроияи Ассотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи ҷумҳурӣ Михаил Петрушков ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






