ҚАРЗИ ХОҶАГИИ Ф. САИДОВ БА МИЛЛИОН РАСИД

Январь 3, 2009 14:13

          Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони сардори хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар Абдумалик Шарифов, бо сабаби сари вақт маблағгузорӣ нашудани хоҷагӣ аз тарафи сармоядор бақияи қарзи  андози хоҷагӣ беш аз 1 млн.сомонӣ аст.           Боиси зикр аст, ки ҷамъоварии пахта дар ин хоҷагӣ соли 2008 аз 7630 тоннаи пешбинишуда, ҳамагӣ 4397 тонна ё баробари 57,8 фоиз иҷро шуд.          Ин маънои онро дорад, ки баъди фурӯши пахта ҳам қарзи андози хоҷагӣ барои соли 2009 боқӣ мемонд. Қарз ба ҷойи кам шудан қариб дар ҳамаи хоҷагиҳо рӯ ба афзоиш овардааст.   Вазъияти қарздорӣ  нафақат ба хоҷагии мазкур, балки ба бисёр хоҷагиҳои дигари вилояти Хатлон низ тааллуқ дорад.

Январь 3, 2009 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид