ҲАДАФИ БОЛО БУРДАНИ НАРХИ ҚУВВАИ БАРҚ ЧИСТ?
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Дар Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қарор дар бораи баланд кардани нархи қувваи барқ бо розигии вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат қабул карда шуд ва ҳадафи он таъмини фаъолияти иқтисодии ширкати «Барқи тоҷик» ва рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки нархи фурӯши қувваи барқ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 сар карда, барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон 25 фоиз баланд карда шуд. Дар ин бобат танҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» истисно мебошад. Аз 1 январи соли 2009 нархи як киловат — соат қувваи барқ 6 дирам муқаррар карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






