ҲАЛОКАТИ ОДАМОН БАР АСАРИ ҲАВОИ САРД
Деҳлӣ, 4 январ (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС).- Шабонарӯзи охир дар минтақаҳои шимолии Ҳиндустон бар асари ниҳоят сард шудани ҳаво 25 нафар ҳалок шуд. Аз рӯи хабарҳои расида, имрӯзҳо хусусан ҳавои вилояти Утор- Прадеш ниҳоят хунук мебошад. Аз аввали фасли сармо дар ин ҷо бар асари сардии ҳаво 31 нафар ҳалок шуд. Дар шаҳри Музаффаробод 7 нафар ҳалок гардид. Қайд карда мешавад, ки бо таъсири ҳавои хунук пеш аз ҳама сокинони қашшоқу бенавои шаҳрҳо ҳалок мешаванд. Зеро онҳо бесарпаноҳ буда, шабро дар кӯчаҳо мегузаронанд. Аксарияти сокинони шаҳр шабона дар кӯчаю боғҳо хобида, субҳ аз хоб бедор намешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






