ҲАЛОКАТИ ТАЛАБАГОН БАР АСАРИ БОМБАБОРОНИ ИСРОИЛ
Ғаззаҳ, 7 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Қисмҳои ҳарбии Исроил дирӯз дар наздикии истиқоматгоҳи муваққатии гурезаҳои Ҷабалия дар қисмати шимолии воҳаи Ғаззаҳ мактаби Созмони Миллали Муттаҳидро гулӯлаборон карданд. Дар натиҷа камаш 40 нафар ҳалок шуд. Тавре, ки Роҳбари хадамоти кӯмаки таъҷилии воҳаи Ғаззаҳ Муовӣ Ҳасаниён хабар дод, алҳол маълум нест, ки мактаб дар натиҷаи бомбаборони ҳавопаймоҳо хароб гардид ё дар натиҷаи таркиши гулӯлаҳои тӯпхона. Вай зикр намуд, ки танкҳои исроилӣ тақрибан се километр дуртар аз Ҷабалия ҳаракат мекарданд. Ба қавли шоҳидон, қабл аз ин ҳодиса силоҳбадастони фаластинӣ аз наздикии мактаб ба сӯи қисмҳои ҳарбии Исроил аз миномётҳо оташ кушоданд. Баъд ҳавопаймоҳо мактабро бомбаборон карданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






