ҲАМАИ РОҲҲО КУШОДААНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ҳаракати нақлиёт баъди боридани барфи зиёд дар ағбаи Шаҳристон дар километри 197 – 201 –уми роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ҳар рӯз ба мӯҳлати чанд соат қатъ мегардад. Аз вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд дар қитъаи мазкур ҳар рӯз соати 11 кушода мешавад. Коргарони муассисаҳои ҳифзу муроқибати роҳ дар ин ҷо барфу тармаи шаб фуромадаро то соати 11 тоза мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки роҳҳои мошингарди минтақаҳои дигари мамлакат кушода буда, рафту омади нақлиёти бору мусофирбар дар байни шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври мӯъадил ба роҳ монда шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






