ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ АГРАРӢ МИЁНИ УКРАИНА ВА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз моҳи декабри соли гузашта, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина доир ба рушди соҳаи коплекси агросаноатӣ бо Вазорати сиёсати аграрии ин кишвар «созишномаи ҳамкорӣ» ба имзо расонида буд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, мутобиқи он дар давоми солҳои 2009-2015 дар соҳаҳои зироатпарварӣ, бойторӣ, биотехнология, мошинсозии кишоварзӣ, тарзҳои нави хоҷагидорӣ, тарбияи мутахассисон ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд. Бо мақсади иҷрои Созишномаи мазкур рўзи 26 январи соли ҷорӣ гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии ҷонишини аввали вазири сиёсати аграрии Украина Лузан Юрий Яковлевич ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Дар доираи иҷрои Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сиёсати аграрии Украина аз 4 декабри соли 2008 қарордод байни заводи тракторсозии Харьков ва Муассисаи давлатии (МД) «Стансияи озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» 2 адад тракторҳои чархдори ХТЗ-181, дорои 80 қувваи асп, ва ХТЗ-1772, дорои қувваи 185 асп, ба имзо расида буд. Тракторҳои зикршуда 25 декабри соли 2008 ба Муассисаи давлатии мазкур расонида шуда, ҳоло санҷиши техникии онҳо барои истифода дар шароити Тоҷикистон давом дорад. Дар вохўрии ҳайатҳои вазорати сиёсати аграрии Украина ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки Қ. Қосимов роҳбарӣ мекард, барои рушди ҳамкориҳо оид ба комплекси агросаноатии ҳар ду ҷониб як қатор таклифу пешниҳодоти мушаххас матраҳ карда шуд. Дар ояндаи наздик бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон боз кардани Маркази савдои «Тоҷикистон — Украина» ва ташкили ярмарка — фурӯши техникаи кишоварзии Укрина дар пойтахти ҷумҳуриамон ш. Душанбе аз ҷумлаи таклифҳои дар вохурӣ садодода ба ҳисоб мераванд. Ёдовар мешавем, дар соли 2008 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 892,18 тонна меваи хушк, 400 тонна пиёз, 35,4 тонна тамоку, 19 500 метр матоъҳои пахтагин ва 8 тонна нахи пахта ба ҷумҳурии Украина ирсол гардидааст. Инчунин, ҷониби Украина дар навбати худ зиёда аз 248 тонна равғани растанӣ, 48,83 тонна маргарин, 95,26 тонна шарбат, 9348,5 тонна қанди сафед ва 395 тонна орд ба ҷумҳурии мо ворид намуд.