ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ТАВСЕА МЕЁБАД
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 12 январ таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, муҳокима гардид. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов, Абдураҳмон Азимов, Мирзошариф Исломиддинов, Гулчеҳра Бозорова ва Акрамшо Фелалиев масъалаҳои баррасишударо тавзеҳ дода гуфтанд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯро Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, лоиҳаи Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009, масъалаҳои тасдиқи Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат №81 аз соли 1947 «Дар бораи бозрасии меҳнат дар саноат ва савдо», Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат №155 аз соли 1981 «Дар бораи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат ва муҳити истеҳсолӣ» баррасӣ гардиданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






