ҲАВОПАЙМОҲОИ ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАР ВА ДУРТАР ПАРВОЗ МЕКУНАНД
Душанбе, 28 января. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Натичаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар соли 2008 оиди иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ бештар, сифат ва самаранокии кор нисбат ба соли 2007 беҳтаранд, гуфт дар нишасти матбуотии навбатӣ директори генералии корхонаи мазкур Алимурод Махмадалиев. КВДҲ «Тоҷик Эйр» соли 2008 якҷоя бо корхонаҳои фаръии тобеи худ 615,9 ҳазор мусофир кашонд, ки нисбат ба соли 2007-ум 41,1 ҳазор ё 7,2 фоиз зиёд мебошад. Ин натиҷаи истифодаи ҳавопаймоҳои Боинг 757-200,737-200, 737-300, 737-800, афзоиши миқдори парвозҳои фармоишӣ ва кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ ба шаҳрҳои Нижневартовск, Нижний Новгород, Барнаул, Пермь, Тюмень, Ростови лаби Дон ва шаҳрҳои дигари Федератсияи Россия, омӯзиши доимии талаботи мусофирон ва истифодаи тарифҳои мавсимӣ мебошад. Ӯ қайд кард, ки бо вуҷуди рақобати шадид бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷи ба КВДҲ, «Тоҷик Эйр» муяссар гардид, ки дар бозори хизматрасонии ҳавопаймоӣ мавқеи худро нигоҳ дошта, натиҷаҳои корашро афзоиш диҳад. Соли 2008 дар бозори хизматрасонии ҳавоии Тоҷикистон 25 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ — КВДҲ, «Тоҷик Эйр» ва ширкати «Сомон Эйр», 15 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия, 4 ширкати кишварҳои ИДМ ва 4 ширкати хориҷаи дуру наздик аз Туркия, Хитой, Афгонистон ва Эрон фаъолият доштанд.Дар самтҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 1 млн. 96 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки 351,1 ҳазор мусофир ба КВДҲ «Тоҷик Эйр» рост меояд ва 36,4 фоизро ташкил медиҳад. Ширкати «Сомон Эйр» 104,8 ҳазор нафарро интиқол дод. Ширкатҳои хоричӣ ҳамагӣ 640,1 ҳазор мусофирро интиқол намуданд. Соли 2008 дар дохили мамлакат 194 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки назар ба соли пешин 5,8 фоиз зиёд аст. Дар ин давра бо назардошти талаботи ахолӣ парвози ҳавопаймоҳо дар самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе бо ҳавопаймоҳои Боинг 737-200, Ту-154 ва АН-24 ба роҳ монда шуд, ки ба туфайли ин на танҳо барои пӯшонидани зарар, балки ба даст овардани фоида аз ин парвозҳо шароит фароҳам омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






