ҲОДИСАИ ХУДКУШӢ ДАР СУҒД ЗИЁД ШУД, ЧАРО?

Январь 17, 2009 12:43

         Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти додситонии вилояти Суғд соли 2008 дар қаламрави вилоят 240  ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 -2 адад бештар аст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми сол 174 ҳодисаи худкушӣ ва 66 ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 129 нафар ё 53, 7 фоиз мард ва 87 нафар ё 46,2 фоиз зан даст ба худкушӣ заданд. Тибқи маълумоти додситонии вилояти Суғд солҳои пеш бар асари хушунатҳои оилавӣ бештар занҳо даст ба худкушӣ мезаданд. Дар соли 2008 бошад баракси он мушоҳида гардид, яъне бештар мардҳо кӯшиши  худкушӣ намуданд. Ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷой дорад ва мардум инро бештар аз мушкилоти иқтисодӣ ва  нобасомониҳои  зиндагӣ медонанд.

Январь 17, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд