ҲОМИЛАДОРКУНИИ СУНЪИИ ЗАН ХИЛОФИ ҚОНУН НЕСТ

Январь 31, 2009 10:09

                 Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси қонунгузориҳои ҷаҳони ислом муолиҷаи безурётӣ на танҳо мумкин аст, балки он тавсия дода мешавад,- мегӯяд директории маркази солимии репродуктивии ҷумҳурӣ, номзади илмҳои тиб Шамсиддин Қурбонов.                Тибқи фатвои муфтии Миср Шайх Ҷад Алҳақ(соли 1980), -муолиҷаи бемориҳо бо роҳҳои қонунӣ дар ислом ҳатмӣ мебошад; безурётӣ бошад, аз он истисно нест.               Меъёрҳои қонунгузорииТоҷикистон вобаста ба табобати безурётӣ, аз ҷумла ҳомиладоркунии сунъиро ҳангоми безурётӣ иҷозат додааст, ки он ҳанӯз соли 2002 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ» қабул карда шудааст.               Бо мақсади амалӣ шудани ин Қонун соли 2005 дар ҷумҳурӣ шӯъбаи гинекологияи эндрокринологӣ таъсис ёфт.

Январь 31, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад