ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУРИ ИТАЛИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Январь 4, 2009 14:31

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Ҳунарпешаи машҳури Италия, дирежёри маъруф аз шаҳри  Милан Жерардо Калелла ҳамроҳи ҳамсараш — овозхони опера  Барбара Калелла 15 январ ба Душанбе меояд. Вай  мувофиқи қарордод дар давоми як сол дар Театри академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, дар таҳияи намоишномаҳо саҳм мегузорад.Жерардо Калелла на танҳо ҳунарпешаи маъруф ва яке аз дирежёрҳои театри операи Ла Скала, балки муовини раиси кумитаи тадорукоти Ҷашнвораи санъати операи мамлакатҳои Аврупо мебошад, ки  ҳар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Театри опера  ва балети ба номи  С, Айни моҳи маи соли 2009 бори аввал дар ҷашнвораи мазкур иштирок хоҳад кард. Театри мазкур дар миқёси мамлакатҳои Осиё ягона театрест, ки дар ин ҷашнвораи мӯътабар ширкат меварзад. Аз Тоҷикистон дар ҷашнвора оркестри симфонӣ ва  дастаи хорсароён таҳти роҳбарии директори театр Холмаҳмад Маҷидов иштирок менамоянд.То ба театр омадани ҳунарпешаи итолиёвӣ дар ин ҷо  намоишномаҳои  «Аида» ва  «Кармен» ба забони итолиёвӣ ба саҳна гузошта мешаванд.

Январь 4, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад