ҶАЛАСАИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ ИДМ

Январь 28, 2009 14:36

                  Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек 29-30 январи соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.                  Тибқи нақша, дар назар аст, ки иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои татбиқи барномаҳои сиёсати ҷавонон, дурнамои рушди равобити бисёрҷонибаи ҷавонон дар доираи ИДМ, ҳамзамон тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ-ро муҳокима кунанд.                 Дар кори ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроия ва роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳои кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳод иштирок мекунанд.                  Ёдовар мешавем, ки қарор оид ба гузаронидани ин ҷаласа моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардида буд.  

Январь 28, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад