ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲО
Душанбе, 16 января. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Соли 2008 ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 14 миллиону 555 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки нисбат ба соли 2007-ум 26 ҳазор тонна зиёд мебошад, гуфт раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ. Нишасти матбуотӣ ба натиҷаи фаъолияти корхона ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2008 бахшида шуд.Аз ҷумла, содироти мол 876,2 ҳазор тонна ва воридоти он 4 миллиону 449 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар муддати як сол КВД «Рохи охани Точикистон» ба 845,7 ҳазор мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба соли 2007-ум 58,8 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 3 локомотив, 53 вагони мусофирбар, 191 вагони боркаш ва 72,5 километр роҳ таъмир гардида, 18 вагони боркаш харида шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






