ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Январь 9, 2009 12:00

            Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти  осорхона дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои кори он дар соли оянда муайян карда шуданд. Директори осорхона А. Шарифов дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, зикр намуд, ки аз ибтидои сол кормандони осорхона нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба ҷашни 1150- солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли забони тоҷикӣ ва «Рӯзи китоб» таҳия намуданд. Вобаста ба ҷашнҳои зикршуда, кормандони илмии осорхона мунтазам барои тамошобинон дар мавзӯҳои «Ёдгориҳои замони Рӯдакӣ дар Осорхонаи миллӣ», «Давлати Сомониён ва нақши он дар таърихи халқи тоҷик», «Осори хаттии мутафаккирони форсу тоҷик» мулоқоту сӯҳбатҳо ва экскурсияҳо гузарониданд. Самти асосии фаъолияти илмии осорхона ҷамъоварӣ, омӯзиш ва рӯи чоп овардани  осори хаттии таърихӣ мебошад. Дар таърихи илми Тоҷикистон бори нахуст асари таърихии «Мақомоти Амири Кулол» ва «Пандномаи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа» аз ҷониби кормандони осорхона А. Шарифов ва Т. Шарифова ба чоп омода гардид.           Чун анъана  имсол низ дар доираи Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ дар осорхонаи Тоҷикистон» конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳамаи осорхонаҳои мамлакат иштирок намуданд.          Дар асоси  озмуни эълоннамудаи маркази фарҳанги муосири «Дешти Арт»-и барномасозии Осорхонаи миллӣ лоиҳаи барномаро таҳти унвони «Чорабинии осорхонавӣ»  дар мавзӯи «Мероси то исломӣ дар фарҳанги Тоҷикистон» таҳия намудаанд. Ин барнома ҳоло дар амал татбиқ карда мешавад.  Барномаи дигар барои дастрас намудани рангҳои аслии наққошӣ барои тармими нигораҳо ба ҷамъияти «Дӯстони Россия » пешниҳод гаштааст.        Соли 2008 дар доираи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷониби кормандони илмии осорхона тибқи супориши Вазорати фарҳанг Барномаи сохтори Осорхонаи нави  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардид. Мувофиқи қарордод бо ширкати англисии «Аудиоантенна», ки масъули ба осорхона пешниҳод намудани дастгоҳҳои сабти овоз барои гузаронидани экскурсияҳо мебошад, барои 30 адад нигораи беҳтарини толорҳои намоишии осорхона матни экскурсионӣ тайёр карда, барои сабт ба ин ширкат ирсол гардид. Дар баробари ин, ходимони Осорхонаи миллӣ лоиҳаи инвеститсиониро таҳти унвони «Ҳалли масоили Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ва саҳми он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуда, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карданд, ки ба фаъолияти беҳтари ҳамаи осорхонаҳои мамлакат мусоидат мекунад. Кормандони шӯъбаи экспозитсионии осорхона дар ин давра рӯйхати зернавиштҳои нигораҳои толорҳоро бо забони англисӣ тарҷума карданд. Аз тарафи кормандони шӯъбаи таърихи давраи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ матни экскурсионӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ тайёр шуданд.          Соли 2008 бо ташаббуси кормандони илмии осорхона дар ин ҷо барои тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ дар мавзӯи «Таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ» намоишгоҳ ташкил карда,  гӯшае бахшида ба 108-солагии асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов бо маводи нав пурра гардид.          Кормандони илмии шӯъбаи таърихи нав ва навтарини осорхона ба ифтихори 11- солагии Ваҳдати миллӣ намоишгоҳи махсус омода намуданд, ки дар он зиёда 100 адад нигораҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Илова бар ин, мувофиқи нақшаи кории шӯъбаи мазкур бахшида ба ҷанши 100- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намоишгоҳи махсус ташкил карда шуд. Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон намоиши ҳунарҳои мардумии ин кишварҳо ифтитоҳ гардид ва тамошобинони зиёд онҳоро тамошо карданд.          Бахшида ба рӯзи пиронсолон, ки ҳамасола якуми октябр ҷашн гирифта мешавад, «Пиронсолон амалро тақозо доранд» намоишгоҳи махсус кушода шуд. Чунин намоишгоҳҳо бахшида ба Рӯзи Сарқонуни ҶТ ва 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташкил карда шуданд. Соли гузашта донишҷӯёни курси 5-уми факултаи таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва донишҷӯёни курси дуюми факултаи фарҳангшиносии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ба таҷрибаомӯзӣ ба Осорхонаи миллӣ омада, бо фаъолияти он шинос шуданд ва асосҳои коргузории осорхонаро омӯхтанд.      

Январь 9, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид