ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ СОЛИ ГУЗАШТА
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Дар маҷлиси ҳайати мушовараи вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва корхонаю ташкилотҳои тобеи он дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои кории соли 2009 муайян карда шуданд. Дар маҷлиси мазкур муовини сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов, муовини мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Абдулло Ёров ва кормандони масъули вазорату идораҳо иштирок намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 26 январ дар вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда хоҳад шуд. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли гузашта меравад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






